00:13 18 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото

Раиси Бонки миллӣ: камшавии интиқоли пули муҳоҷирон ба кори бонкҳо таъсир гузоштааст

© Пресс-служба президента РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
520 0 0

Бино бар буҳрони молиявӣ интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷа ба кишвар кам шуда ва ин раванд ба сармоягузории бахшҳои дигар, аз ҷумла кори бонкҳо таъсир гузоштааст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik.   Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ҳангоми баҳс дар бораи рушди соҳибкории хурду миёна дар палатаи болоии порлумон эълон намудааст, ки бино бар буҳрони молиявӣ интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷа ба кишвар кам шудааст, иттилоъ додааст  хабаргузории ТоҷикТА.

Раиси бонки миллӣ таъкид намудааст, ки камшавии интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ ба сармоягузории бахшҳои гуногун, аз ҷумла кори бонкҳо таъсир назаррас гузоштааст.

"Бо таъсири буҳрони молиявӣ ҷалби сармоя кам гардида, то андозае ба фаъолияти бонкҳо таъсири манфӣ расонд. Аз тарафи дигар, камшавии ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мамлакат низ ба ин раванд бетаъсир намонд", - гуфтааст Нурмуҳаммадзода.

Инчунин вай афзудааст, ки дар 9 моҳи соли равон ба соҳибкорони хурду миёна 345 миллион сомонӣ қарзи боимтиёз дода шуд.

Моҳи октябр зимни додани қарз бо пули миллӣ фоидаи бонкӣ то 3 дар сад кам карда шуд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода таъкид намудааст, ки Бонки миллӣ кӯшиш мекунад, ки минбаъд хароҷоти дувумдараҷаро камтар намояд.  

Барчаспҳо:
интиқоли пул, Парлумон, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ