12:36 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд

Қарори раиси вилояти Суғд барои ҷалби грантҳо ба маҳаллаҳо

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд қарор барои рушди ҷамоаҳои маҳаллӣ тайи солҳои 2018 – 2022 –ро имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Аҳмадзода қарор “Дар бораи татбиқи Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта баҳри рушди устувори ҷамоаҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018-2022” –ро ба тасвиб расонд.

Тибқи қарори мазкур раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди иқтисод ва савдо, сарраёсати молия дар вилоят вазифадор гардидаанд, ки барои ҷалби грантҳо барои амалишавии барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

“Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки иҷрои барномаи мазкур чораандешӣ намоянд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раиси Суғд.

Мавзӯъҳои асосӣ