11:40 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото

Вазорати рушди иқтисод: Тоҷикистон сатҳи камбизоатиро ду баробар коҳиш дод

© Sputnik / Стас Этвеш
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
61 0 0

Даҳсолаи охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 53 то 30 дар сад поён рафтааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар даҳ соли охир Тоҷикистон тавонистааст сатҳи камбизоатиро аз 53 то 30 дар сад коҳиш диҳад. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод гузориш медиҳад.

"Суръати рушди иқтисод дар кишвар дар сатҳи 7 дар сад нигоҳ дошта мешуд, сатҳи камбизоатӣ дар тайи солҳои ахир аз 53 то 30 дар сад коҳиш дода шуд, гуфт муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар "Ҳафтаи Авруосиё"-и ташкилоти рушди иқтисод ва ҳамкорӣ, ки дар Париж баргузор гардид", - омадааст дар иттилоияи вазорат. 

Дар рафти чорабинӣ муовини сарвазир аз рушд ва дастовардҳои кишвар дар замони истиқлол ҳисобот дод.

Ҳамчунин вай ёдрас шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  чанд ҳуҷҷати муҳим ба тасвиб расинид, ки дар асоси он кишвар ба натиҷаи мушаххас расид.

Афзун бар ин, дар ҳамин давра бештар аз 2 ҳазор километр роҳ, 190 км роҳи оҳан, 30 км нақб ва 93 пул сохта ба истифода дода шуд. Чанде пеш бошад аввалин агрегати Роғун ба истифода дода шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ