13:16 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Аз қурби доллар то пули Фонди захиравии Президент: буҷаи соли 2019 қабул шуд

© Пресс-служба президента РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
916 0 0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати кишвар буҷаи давлат барои соли 2019-ро ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Тибқи Буҷаи давлатии қабулгардида барои соли 2019, даромади давлат дар соли оянда 23 миллиарду 774,1 миллион сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбати буҷаи соли равон 13,2 фоиз ё 2 миллиарду 771 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, дар буҷаи соли 2019 ҳаҷми умумии хароҷот 24 миллиарду 165,1 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбати соли равон  2 миллиарду 827,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки зимни таҳияи буҷа барои соли оянда қурби як доллари амрикоӣ 9,7 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бар асоси буҷаи қабулгардида соли 2019 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ,  7,6 фоиз зиёд шуда, ба 78,2 миллиард сомонӣ мерасад.

Меъёри таваррум 6,3 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 9,7 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Қаҳҳорзода Файзиддин, вазири молияи Тоҷикистон ва вакилони парлумон зимни баррасии буҷаи соли 2019 изҳор доштаанд, ки маблағи буҷа пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати некуаҳволӣ, таъмини бехатарии давлат ва бехатарии озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълиму хизматрасонӣ, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти идоракунӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ равона карда мешавад.

Инчунин зимни ҷаласаи парлумонӣ зикр шудааст, ки соли оянда барои пардохти қарзи хориҷӣ 1,2 миллиард сомонӣ ва қарзи дохилӣ 222 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд.

Ҳаҷми Фонди захиравии Президент соли оянда ҳудуди 350 миллион сомонӣ дар назар аст.

Мавзӯъҳои асосӣ