12:04 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Сомонӣ дар лифофа, акс аз бойгонӣ

Ҷаримаю пардохтҳои ҳатмӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи 2019 афзоиш меёбанд

© Sputnik / Стас Этвеш
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
144801

Маблағи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ҳаҷми ҷазоҳои ҷаримавӣ, андоз, боҷ ва пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯмакпӯлӣ аз рӯи он ҳисоб карда мешаванд, аз 1 январи соли 2019 боло меравад

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тоҳир Ҷобирзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия зимни қабули буҷаи давлат барои соли 2019 гуфт, аз 1 январи соли 2019 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо 10 дарсад афзоиш ёфта, ба 55 сомонӣ баробар хоҳад шуд.

“Аз 1 январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 55 сомонӣ бо афзоиши 10 фоиз муқаррар карда мешавад”, - изҳор дошт Ҷобирзода.

Ин дар ҳолест, ки то соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 40 сомонӣ ва тайи ду соли охир 50 сомониро ташкил медод.

Аз рӯи ин нишондиҳанда ҷазоҳои ҷаримавӣ, андоз, боҷу дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҳисоб карда мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ