06:21 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Здание Азиатского банка развития. Архивное фото

БОР ба далели хавфи баланди қарзҳо ба Тоҷикистон танҳо маблағҳои грантӣ медиҳад

wikipedia.org. Eugene Alvin Villar
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава эълон намудааст, ки бино бар хавфи баланди қарзҳо ба Тоҷикистон танҳо грант пешниҳод мекунад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бонки Осиёии Рушд дар се соли наздик ба Тоҷикистон танҳо кумакҳои бебозгашти молиявӣ пешниҳод хоҳад кард, иттилоъ додааст намояндаи БОР дар кишвар Прадип Сривастава.

Вай таъкид намуд, ки ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 340 миллион доллар кумак расонида мешавад.

“Ба Тоҷикистон танҳо кумакҳои грантӣ пешниҳод мешавад. Тибқи таҳлилҳои қарзӣ дар соли 2017 ҷумҳурӣ хавфи баланди қарзӣ дорад”, - таъкид намудааст Сривастава.

Вай таъкид намуд, ки баъд аз таннафуси се сола бонк боз пешниҳоди кумакҳои бебозгаштро оғоз кардааст. То ин муддат дар солҳои 2015-2017 бонк ба ҷумҳури 50 дарсад қарз медод ва 50 дарсад кумаки бебозгашт.

Прадип Сривастава таъкид намуд, ки қарзи берунаи Тоҷикистон дар охири соли гузашта беш аз 40 дарсади ММД шуда 2,9 миллиард доларро ташкил додааст.

Ба гуфтаи вай бонк ба кишварҳое, ки хавфи баланди қарзи доранд, танҳо кумакҳои бебозгашт медиҳад, то ки вазъи молиявии ин кишварҳоро бадтар накунад.  

Барчаспҳо:
қарз, БОР, кумак, хавф, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ