22:57 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, акс аз бойгонӣ

Кооперативҳо ба ҷои хоҷагиҳои хурд: Файзов роҳи таъмини ВМКБ бо маҳсулоти худиро пеш ниҳод

© Россия для всех
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1937 0 0

Ҳукумати ВМКБ барои таъмини бозори вилоят бо маҳсулоти кишоварзӣ ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро ба миён гузоштааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дафтари матбуоти ҳукумати вилоят, дар саҳифаи фейсбукияш, нақли қавли Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ-ро нашр кардааст, ки барои истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда ва таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ  ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро пешниҳод кардааст.

“Хочагиҳои деҳқонии инфиродӣ имрӯз дар вилоят зиёда аз 16 ҳазор ҳастанд, вале ҳиссаи ҷамъи замин ба ҳар яки онҳо 0,10 ҳисса мерасад. Ба ин хотир ассотсиатсияҳо ё кооперативҳои хоҷагиҳои деҳконӣ таъсис додан зарур аст. Ин омил имкон медиҳад, на танҳо ҳисобу китоби фаъолият, балки тавлиди зиёди ҳосили рӯёнда ва андозбандии онҳо, ҳамзамон хизматрасониҳои дигар ба онҳо беҳтар ба роҳ монда мешаванд", - омадааст дар изҳороти нашркардаи котиботи ҳукумати иҷроияи ВМКБ.

Манбаъ афзуд, ки бештари муроҷиатҳои шаҳрвандон ба таъмини манзили истиқоматӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзилу дигар иншооти иҷтимоӣ ва кӯмаки молӣ рабт доранд, ки ҳалли онҳо вазифаи бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Котиботи ҳукумати ВМКБ шеваи татбиқ ва ҷузъиёти бештари пешниҳоди мазкурро феълан ироа накардааст ва дар сурати дастрас шудани иттилои бештар Sputnik дар ин саҳифа нашр хоҳад кард.

Мавзӯъҳои асосӣ