Дар Тоҷикистон ҷаласаи аввалини Шӯрои миллии суботи молиявӣ баргузор шуд

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ масъалаҳо дар самти таъмини суботи молиявӣ, аз ҷумла омилҳои устувории молияи давлатӣ, заминаҳои макроиқтисодии муътадилии бозори асъор, вазъи низоми бонкӣ баррасӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.  Дар шаҳри Душанбе бори аввал дар кишвар Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Дарси Бонки миллӣ ба толибилмони Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дарси Бонки миллӣ ба толибилмон: аз маърифати молиявӣ то таърихи пули миллӣ

Ҷаласаи якуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, роҳбарони Вазорати молияи кишвар, Бонки миллӣ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муқаррароти дохилӣ доир ба ташкили кори Шӯро тасдиқ гардида, дар рафти он масъалаҳо дар самти таъмини суботи молиявӣ, аз ҷумла омилҳои устувории молияи давлатӣ, заминаҳои макроиқтисодии муътадилии бозори асъор, вазъи низоми бонкӣ, фаъолияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва нақши он дар нигоҳ доштани суботи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод: Тоҷикистон сатҳи камбизоатиро ду баробар коҳиш дод

Ҳамзамон зикр гардид, ки Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фазои молиявии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар баробари ин, дар ҷаласаи мазкур аз нақши Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ барои нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиёти кишвар, бахусус низоми молиявӣ-бонкӣ, ки бахши муҳимми он маҳсуб меёбад, инчунин барои гузаронидани ислоҳот ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ таъкид гардид.

“Дар идома, аъзои Шӯро оид ба идоракунии хавфҳои ҷойдошта дар низоми молиявӣ ва бонкӣ, рушди фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, масъалаҳои андозбандӣ, низоми идоракунии молияи кишвар, инчунин оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва иқтидори Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ибрози назар карда, пешниҳоди худро манзури Шӯро намуданд”, - таъкид намуд БМТ.

Дар хотима, ҷаласаи Шӯро доир ба таъсис додани Гурӯҳи кории техникӣ барои ташкили корҳо ҷиҳати баргузории ҷаласаҳои минбаъда қарори дахлдор қабул карда шуда ба идораҳои дахдол равон карда шуд.

Нефтеперерабатывающий завод (НПЗ). Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод: полоишгоҳи нафт дар Данғара соли 2019 роҳандозӣ хоҳад шуд

Бояд қайд кард, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани хавфҳо бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон 21 июни соли 2018 таъсис дода шудааст.

Тибқи низомномаи Шӯро ба ҳайати он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Раиси Шӯро, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – котиби ҳамоҳангсоз, Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳамчун узви доимӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иштирокчии доимӣ ва нозири мустақили Шӯро шомил мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0