02:10 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Маблағ, акс аз бойгонӣ

ВМКБ: 8 соли зиндони Ошурбеков барои саривақт надодани қарзи Ҳукумат

© Sputnik / Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1964 0 0

Додгоҳи ноҳияи Ишкошим Ҷомӣ Ошурбеков, истиқоматкунандаи деҳаи Башори ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи мазкурро ба 8 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Ошурбеков моҳи октябри соли 2015, тариқи “Амонатбонк” аз Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифтааст.

Манбаъ афзуд, Ошурбеков ин маблағро бо 12%-и солона ба муҳлати 2 сол, барои таъсис додани сехи коркарди меваи хушк ва нигоҳдории меваю сабзавот гирифтааст.

Додситонӣ таъкид кардааст, ки Ошурбеков маблағи мазкурро на барои ташкили коргоҳ, балки ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.

Ба асоси иттилоия, ӯ то ҳол ба Фонди назди Ҳукумат 130 ҳазору 307 сомонӣ пардохт карда, 269 ҳазору 693 сомониро барнагардондаст ва бо ин кирдораш ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” зарари махсусан калони моддй расонидааст.

Додситонии ноҳияи Ишкошим 22 сентябри соли равон алайҳи Ошурбеков бо моддаи 246 қисми 3 банди “б” - ғайриқонунӣ истифода намудани маблағҳои карзи бонкӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ба додгоҳ ирсол намудааст.

Додгоҳи Ишкошим моҳи равон Ошурбеков Ҷомӣ Мамадаминовичро ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум намуда, қарор кардааст, ки маҳкумшуда дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр адои ҷазо кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ