21:22 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
В СЭЗ Сугд будет открыто производство металлических чушек

Истеҳсоли фулузпораи рехта дар МОИ “Суғд” бо сармоягузории Узбакистон

© Свободная экономическая зона "Сугд"
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Сармоягузор барои роҳандозии истеҳсолот беш аз 1,8 млн. доллар маблағгузорӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Корхонаи хурди коркарди металл дар соли оянда бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”.

Бино бар иттилои манбаъ, корхона фаъолияташро ба коркарди металли сиёҳ равона хоҳад кард.

Амалисозии лоиҳаи ҶДММ “Оҳанкор” доир ба роҳандозии истеҳсоли фулузпораҳои рехтаи металлӣ дар қаламрави МОИ “Суғд” дар ҷаласаи Комиссияи баррасии нақшаҳои тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон барои гирифтани мақоми субъекти МОИ назди Вазорати рушди иқтисод маъқул дониста шуд.

Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур дар МОИ “Суғд” аввалин корхона мебошад, ки аз ҳисоби маблағҳои тоҷирони узбак сармоягузорӣ мешавад. Сармоягузор барои роҳандозии истеҳсолот беш аз 1,8 млн. доллар маблағгузорӣ хоҳад кард.

Магбаъ таъкид намудааст, ки итеҳсолот бо таҷҳизоти муосир роҳандози хоҳад шуд ва пурра бехатарии экологӣ таъмин хоҳад шуд. Фулузпораи металлии рехтаи дар корхона истеҳсолшуда барои коркарди минбаъда ба Узбакистон фиристода мешавад.

Ҳадафи роҳандозии лоиҳа қонеъ намудани талабот ба захираҳои ашёи хом дар бозори минтақавии маҳсулоти металлургӣ мебошад. Бо тадриҷан омӯхтани ин бозор, корхона номгӯӣ истеҳсоли маҳсулотро гуногун хоҳад кард. Ба ҷуз фулузпораҳои рехта, истеҳсоли арматура, профилҳои металлӣ ва дигар маҳсулот аз металл низ дар назар аст.

Маъмурияти МОИ “Суғд” рӯзи 22 декабри соли равон дар маросими тантанавӣ ба сармоягузори Узбакистон шаҳодатномаро супориданд.

Барчаспҳо:
корхонаи металлургӣ, сармоягузорӣ, сармоягузор, Узбакистон, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ