05:02 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Продавец в магазине считает сдачу

Мизони ҷарима ва пардохтҳо дар Тоҷикистон боло рафт

© Sputnik / Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
248 0 0

Дар Тоҷикистон мизони ҷарима ва пардохтҳо аз 50 то 55 сомонӣ (5,3 то 5,83 доллар) боло рафт.

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik.  Аз 1-уми январ и соли 2019 мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон боло рафт.

Тибқи қарори мазкур мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ то 10 дарсад боло рафтанд.

Аз 1-уми июли соли 2018 дар Тоҷикистон истилоҳи нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ба маоши ҳадди ақал, ки барои пардохти андоз, ҷарима, боҷҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин кумакҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо истифода мешавад, иваз карда мешавад.  

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо” аз рӯи меъёри таваррум ҳисоб мешавад.

Аз 1-уми январи соли 2017 андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикисмтон аз рӯи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" шумурда мешавад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 50 сомонӣ аст. Аз соли нав 55 сомонӣ мешавад.

 

Барчаспҳо:
ҷарима, боҷи гумрукӣ, андоз, иқтисод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ