15:25 23 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
МДО ХУМО получила кредит ЕБРР на поддержку малого бизнеса

БАТР барои рушди тиҷорати хурд ба Тоҷикистон як миллион доллар медиҳад

© пресс-служба ЕБРР
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

БАТР ба ташкилоти молиявии хурди Тоҷикистон “Хумо” як миллион доллар медиҳад. Маблағҳои мазкур ба минтақаҳое, равона хоҳанд шуд, ки дар онҷо мардум аз набудани хизматрасониҳои бонкӣ танқисӣ мекашанд

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба рушди соҳаи тиҷорати хурди Тоҷикистон як миллион доллар медиҳад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти бонки мазкур. 

Таъкид шудааст, ки маблағҳои мазкур ба минтақаҳои равона мешаванд, ки дар онҷо дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мушкил аст.

“Мо хушҳол ҳастем, ки солро бо лоиҳаи дастгирии соҳаи молиявӣ ва тиҷорати хурду миёна, ки барои Тоҷикистон ҳардуяш муҳим аст шурӯъ мекунем. Умедворам, ки дар давоми сол мо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон лоиаҳои наву ҷолиб таҳия хоҳем кард”,- гуфт роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова.

БАТР илова кардааст, ки дар ҳоли ҳозир Бонк ба беш аз 120 лоиаҳои иқтисодии Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст.

Ҳамагӣ ба иқтисоди Тоҷикистон БАТР дар ҳаҷми 600 миллион евро маблағгузорӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол 32 дарсади маблағҳои ҷудошуда барои дастгирии соҳаи молиявӣ ва тиҷорати Тоҷикистон равона шудааст.

Барчаспҳо:
кумаки молӣ, кумакпулӣ, БАТР, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ