22:43 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд, акс аз бойгонӣ

Раиси Суғд аз Вен Ю Дао хост, истеҳсолотро дар корхонааш ба 3,5 миллиард сомонӣ расонад

© Sputnik / Стас Этвеш
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд бо Вен Ю Дао, роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, зимни мулоқот зикр шуд, ки “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” аз калонтарин корхонаҳои вилоят маҳсуб меёбад.

“Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона ба 2 миллиарду 814,9 миллион сомонӣ баробар шуда, 78,3 ҳазор тонна консентрати сурб ва 166,5 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо Вен Ю Дао зарур хондааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то 3,5 миллиард сомонӣ афзоиш дода шаваду масъулини корхона барои бунёди иншооти иҷтимоӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, Вен Ю Дао изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон барои ҳамкориҳои муштарак шароити лозимӣ муҳайё буда, ширкат барои то 3,5 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ кор хоҳад кард.

Мавзӯъҳои асосӣ