11:58 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Возле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото

Амонатбонк дар соли 2018 буҷети давлатро ба 52 миллион сомонӣ пур кардааст

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
264 0 0

Амонатбонк эълон намудааст, ки тамоми уҳдадориҳои худро дар назди муштариён ва шарикони дохилию хориҷӣ сари вақт иҷро намуда, дар ин самт ягон мушкилӣ мавҷуд нест

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik.  Амонатбонк бо мақсади саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ дар соли гузашта аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 52 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2017 панҷ миллион сомонӣ ва ё 10,5 дарсад зиёд мебошад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуоти Раиси Раёсат Амонатбонк Руҳулло Ҳакимзода иттилоъ додааст.  

Ба гуфтаи вай, дороиҳои Бонк маблағи 4,2 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 3,8 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2017 ҳаҷми дороиҳо 14,5 дарсад ва уҳдадориҳо 14,3 дарсад зиёд гардид.

Дар ҳамин ҳол сармояи Бонк, 10 дарсад афзоиш ёфта, ба 396,7 млн. сомонӣ баробар шуд. 

Даромади умумии соҳа дар соли ҳисоботӣ 518,8 млн. сомонҳ, хароҷоти умумӣ 463,3 млн.сомонӣ, даромади тавозунӣ 55,5 млн. сомонӣ ва даромади соф 36 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 13,2 дарсад зиёд мебошад. 

Барчаспҳо:
пардохт, буҷети соли 2016, Бонки Миллӣ, Амонатбонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ