Ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ дар Тоҷикистон ба 1,3 миллиард доллар расид

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз рӯи нишондоди хизматрасониҳои пулакӣ пойтахти Тоҷикистон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар мавқеъӣ назаррас доштааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар соли гузашта ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ, ки ба аҳолии Тоҷикистон пешниҳод шудааст 12,2 миллиард сомониро ташкил додааст (наздик ба 1,3 миллиард доллар), хабар додааст хабаргузории ТоҷикТА.

ММТ: арзиши хизматрасонӣ имсол 170 сомонӣ муайян гардид

Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли гузашта 2,1 дарсад зиёд будааст.

Пойтахти Тоҷикистон аз рӯи хизматрасониҳои пешниҳодшуда ба сокинон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар мавқеъӣ назаррас доштааст. Дар пойтахти Тоҷикистон ин нишондиҳанда 5,1 баробар аз нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳуриявӣ зиёд будааст.

Дар ҳоле, ки ҳаҷми хизматрасониҳои пулакиро Вазорати нақлиёт 5,2 дарсад, Вазорати саноат ва технологияи нав ба 2,3 дарсад ва маорифу илм ба 4,2 дарсад коҳиш доданд.

Ёдрас мешавем, ки пештар муовини сарвазири Тоҷикистонт Давлаталӣ Саид таъкид дошта буд, ки рушди ММД-и кишвар дар соли гузашта ба як қатор омилҳо, аз ҷумла ба пешниҳоди хизматрасониҳои пулакӣ (ба 1,2 дарсад) таъсир расондааст.

Лентаи хабарҳо
0