06:54 22 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Бинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Як миллиард зарар дар 1 сол ба давлати Тоҷикистон аз сӯи масъулин

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
703 0 0

Ожонси мубориза бо фасод ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон тайи як сол дар идораҳои давлатӣ ҳудуди як миллиард сомонӣ зарари молиявиро ба давлат ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмии Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, соли 2018 дар фаъолияти вазорату идораҳои давлатӣ 1248 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуд.

“Дар пайи санҷишҳо маблағи умумии беш аз 600 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, аз ин маблағ қариб 490 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардид”, - иттилоъ дод раёсати Ожонс.

Ин дар ҳолест, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон низ соли 2018 дар пайи санҷишҳо дар идораҳои давлатӣ 396 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардааст, ки ба иттилои ин ниҳод 73 фоизи он барқарор гардидааст.

Дар ҳамин ҳол ин ниҳод дар бораи дастандаркорони қариб як миллиард зарари молиявӣ ба давлат ва муҷозоти онҳо то ҳол иттилое нашр накардаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ