Рушди Душанбе: ноиби аввали Рустами Эмомалӣ оморро баён кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанМахмадсаид Зувайдзода первый заместитель председателя города Душанбе, архивное фото
Махмадсаид Зувайдзода первый заместитель председателя города Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали шаҳрдори Душанбе аз натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ба рӯзноманигорон гузориш дод

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр ба 13,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2017 7,3 фоиз зиёд мебошад.

В Душанбе представлены новые автобусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нақд ба кор намеравад: шаҳрдорӣ гуфт аз 1 феврал 3 хатсайр ба корт мегузаранд

“Рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 118 фоиз, гардиши савдо 120 фоиз, мусофиркашонӣ 105 фоиз, боркашонӣ 107 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 104 фоиз таъмин карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Манбаъ афзуд, аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоизро ташкил намуд.

Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 14,8 миллион сомонӣ ё 2 маротиба, саноати коркард 1,5 миллиард сомонӣ ё 16 фоиз, истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 724 миллион сомонӣ ё 9 фоиз зиёд гардидааст.

Корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 10 миллион сомонӣ, 246 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2017 мутаносибан 23 ва 20 фоиз зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0