Қурби рубл дар Тоҷикистон болотар рафт

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон, ки моҳи декабр то 0,136 сомонӣ поин рафта буд, имрӯз аз ҳадди 0,145 сомонӣ гузаштааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, рубли нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон имрӯз бо арзиши 0,1437 то 0,1455 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Владелец отчищает свою машину от налипшего снега во время снегопада в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълон: қатъи ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе – Хуҷанд бо фармоиши мақомот

Манбаъ арзиши миёнаи 1 долларро дар бозори нақд аз 9,4384 то 9,4400 сомонӣ ва 1 евроро аз 10,8098 то 10.8500 сомонӣ арзёбӣ кард.

Қурби расмии асъори хориҷӣ барои имрӯз - 1 доллари ИМА — 9,4384 сомонӣ, 1 евро – 10,8098 сомонӣ ва 1 рубли русӣ – 0,1437 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар ҷаласаи васеи Ҳукумат низоми бонкии кишварро баррасӣ карда, аз камбуди асъори хориҷӣ ва зарурати эҳёи боварӣ ба бонкҳо суҳбат кард.

“Норасоии асъори нақди хориҷӣ дар муомилот масъалаи дигари низоми бонкӣ мебошад, ки барои пешбурди фаъолияти самараноки соҳибкорон монеа эҷод мекунад”, - таъкид карда буд  раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон масъулини Бонки миллиро муваззаф кард, ки барои ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Лентаи хабарҳо
0