Бонки миллии Тоҷикистон сеяки қарзи хориҷиашро пардохт кард

© PixabayБанкноты США, архивное фото
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон ба Сандуқи байналмилалии пул 56,3 миллион доллар, ба Чин 6 миллион доллар ва ба Бонки исломии тавсеа 3,4 миллион бидеҳкор аст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бар асоси додаҳои вазорати молии Тоҷикистон, Бонки миллии кишвар дар оғози соли ҷорӣ сеяки бидеҳ хориҷиашро пардохт кард ва онро то 65,7 миллион доллар коҳиш дод, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Деньги в чемодане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар як сол қарзи корхонаҳои Тоҷикистон 2,2 миллиард доллар афзоиш ёфт

Бино ба иттилоъи вазорати молии Тоҷикистон, БМТ дар ҳоли ҳозир ба Сандуқи байналмилалии пул 56,3 миллион доллар, ба Чин 6 миллион доллар ва ба Бонки исломии тавсеъа 3,4 миллион бидеҳкор аст.

Дар оғози соли гузашта ҳаҷми қарзҳои хориҷии БМТ  99,3 миллион доллар буд.

Бояд қайд кард, ки дар аввали моҳи октябри соли равон қарзи берунаи Тоҷикистон ба 2 миллиарду 873 миллион доллар расида аст.

Муврфиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ Тоҷикистон дар соли 2018 барои пардохти қарзи беруна бояд 200 миллион доллар сарф мекард.

Дар ҳамин ҳол қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон “Эксимбанк”-и Чин будааст. Бар души ин муассиса беш аз 35 дарсади қарзи берунаи кишвар рост меояд. Тоҷикистон аз бонки мазкур 1,2 миллиард доллр қарздор мебошад.

Лентаи хабарҳо
0