14:01 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Дукони фурӯши орду равған, акс аз бойгонӣ

Андоз боло рафт: Бонки миллӣ сабаби қиматшавии орд ва карамро гуфт

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
827 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон болоравии сатҳи таваррум дар моҳи аввали соли равонро ба афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили себ, нок, ангур, помидор, бодиринг, карам рабт дод

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ин ниҳод болоравии нархи маҳсулоти мазкурро таъсири омилҳои мавсимӣ гуфта, далели дигари афзоиши таваррумро дар кишвар болоравии нархи орди навъи якум ба андозаи 4,6 фоиз хонд.

Даро мавриди нархи орд, ки ғизои асосии сокинони Тоҷикистон мебошад, Бонки миллӣ афзуд, ки ба омилҳои берунӣ ва дохилӣ вобаста аст. Аз ҷумла зиёд шудани андоз аз арзиши иловашуда аз орд, ки аз 10 фоиз то ба 18 фоиз баланд шудааст, сабаби болоравии нархи ин маҳсулот арзёбӣ шудааст.

Дар қатори омилҳои берунии болоравии нархи орд, қимат кардани нарх аз ҷониби кишварҳои содиркунанда ва афзоиши тарофаҳои ҳамлу нақл ном бурда шудааст.

Ин ниҳод афзудааст, ки дар Қазоқистон, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо орд мебошад, бинобар мусоид омадани боду ҳаво ҳосили фаровон дар назар аст ва ин боиси ба сатҳи муътадил фаромадани нархи орд дар кишвар мешавад.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар моҳи январи соли равон сатҳи таваррум ба 0,6 фоиз баробар гардид,  ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Сабаби аслии афзоиши таваррум ба болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ рабт дода шуд, ки 1,2 фоиз боло рафтаанд  ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ, ки 0,2 фоиз қимат шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ