23:45 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Маблағ, акс аз бойгонӣ

“Қурби 1 рубл ба 0,145 сомонӣ расидааст”

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
90 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз қурби 1 долларро – 9,4384 сомонӣ, 1 евро – 10,7532 сомонӣ ва 1 рубли русиро – 0,1435 сомонӣ муқаррар кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши як доллари нақд дар ташкилоти қарзии кишвар аз 9,4384 то 9,4400 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод арзиши 1 евроро дар бозори нақд аз 10,7000 то 10,7532 сомонӣ ва 1 рубли русиро аз 0,1435 то 0,1450 сомонӣ арзёбӣ кард.

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаҳои интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ буда, риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Ин дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди асъори хориҷӣ дар кишвар, аз ҷумла доллар гила доранд. Ниёзмандони доллар, ки бештарашон интиқолдиҳандагони бор аз хориҷи кишвар мебошанд, изҳор медоранд, ки бо вуҷуди навбатпоӣ имкон надоранд, ки доллар бихаранд, то бар ивазаш аз хориҷ бор ворид кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ