15:49 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото

Дар Русия камбуди қонунгузории молиётии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
326 0 0

Намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин таъкид намудааст, ки ширкатҳои Русия дар се соли ахир бино бар мушкилоти андоз бозори Тоҷикистонро тарк карданд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Яке аз мушкилоти асосӣ, ки ширкатҳои Русия дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешаванд, камбуди қонунгузории молиёт мебошад, гуфт  намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин ба хабаргузории РИА Новости.

Вай таъкид намудааст, ки тибқи тадқиқоти PayingTaxes, ки ширкати аудитории РricewaterhouseCoopers гузарондааст Тоҷикистон бештар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ (67,№%) аз шаҳрвандон молиёт мегирад.

Ин ҳам бидуни ҳисобу китоби санҷишҳои молиёт иловагӣ мебошад.

“Пуркардани буҷаи давлат, яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад, ки бар души Кумитаи андоз вогузор карда шудааст. Аммо чораҳое, ки Кумитаи андоз ба кор мебарад ба рушди иқтисод ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ҷалби сармояҳои Русия ба Тоҷикистон кумак намекунад”, - гуфт вай.

Ба гуфтаи вай, дар се соли ахир бино бар мушкилот дар молиёт бозори Тоҷикистонро аксари ширкатҳои Русия тарк карданд. Даромади ширкатҳои "Созидание" (меҳмонхонаи Хаятт Риҷенсӣ Душанбе и Маркази тиҷорат), ширкати "Таком" (Билайн), "ТТ Мобайл" (Мегафон) ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон зикр намуд, ки яке аз сабабҳои қатъи ҷустуҷӯи гази табиӣ аз сӯи ширкати "Gazprom international" дар майдони "Сариқамиш" мушкили молиёт будааст.

Вай ёдрас шуд, ки ширкат чоряки сармоягузориҳояшро дар супоридани андоз масраф кардааст. Дар натиҷа роҳбарияти ширкати “Газпром” тасмим гирифт, ки фаъолияти баъдӣ дар ин самт барои ширкат судманд нест.

Инчунин, ба гуфтаи Кораблин дар пардохти андоз ширкати “НБО Сангтуда-1”-и Русия ба мушкилот зиёд рӯ ба рӯ шудааст. Мушкилоти асосии дар самт қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” дар назди ширкати энергетикии Русия “Сангтуда-1” мебошад.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз Сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ дар масоили суботи молиётӣ Фернандо Данкоза эълом кард, ки Тоҷокистон бояд сиёсати андозро бознигарӣ кунад.

Ба гуфтаи коршинос, бояд қарзҳои пардохтнашударо ба танзим даровард, ки бори молиётии он дар дӯши ташкилотҳои қарзӣ вазнин аст. Данкозо ҳамчунин маслиҳат медиҳад, ки ба бонкҳои ба бӯҳрон дучоршуда, имтиёз дода шавад, чуноне ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон медиҳанд.

Барчаспҳо:
ширкатҳо, тиҷорат, мушкилот, молиёт, андоз, сармоягузорӣ, сармоя, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ