00:04 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Даромадгоҳи Кӯлоб, акс аз бойгонӣ

Панҷум: Ҳукумат дар Кӯлоб минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис медиҳад

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
29910

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар Кӯлоб минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис диҳад

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, масъалаи  таъсиси минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” рӯзи 28-уми феврал дар ҷаласаи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе, акс аз бойгонӣ
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Минтақаи озоди иқтисодӣ, бо ироаи сабукиҳои махсуси молиётӣ ва расмиёти камтар барои ҷалби бештари сармоягузорон ва таъсиси корхонаҳо ташкил мешаванд.

Феълан дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ – “Ишкошим”, “Суғд”, “Данғара” ва “Панҷ” фаъолият доранд. Бар асоси омори расмӣ минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” аз рӯи ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳо пешсаф буда, фаъолияти ду минтақаи дигар беҳбудӣ мехоҳад.

Ахиран Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ  далели фаъол набудани сармоягузорон дар минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”-ро ба адами инфрасохтори зарурӣ рабт дод.  Ӯ гуфт, ягон сармоягузор дар мавзее, ки инфрасохтори дуруст - роҳ, барқ, интернет, обу ташноб, меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо надорад, маблағгузорӣ намекунад.

Феълан мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки зерқитъаҳои минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”-ро дар навоҳии дигари ВМКБ ташкил диҳанд. Ба гуфтаи раиси ВМКБ, гарчи субзона дар Тем, Мурғоб ё Дарвоз бошад, андозҳое, ки субзона аз пардохти он озод нест, ба буҷаи ноҳияи Ишкошим меравад, чунки идораи асосӣ ва маркази минтақаи озоди иқтисодӣ дар ноҳияи Ишкошим ҳаст ва мемонад.

Мавзӯъҳои асосӣ