09:14 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Текстильная фабрика, архивное фото

Нахустин сафари намояндагони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон ба Покистон сурат гирифт

© Sputnik / Дмитрий Виноградов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
13621

Ҳадаф аз сафари ҳайъати намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Покистон, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, омӯзиши таҷрибаи корхонаҳои нассоҷӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо бо Покистон мебошад

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Ҳайъати намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба ду шаҳри нассоҷии Покистон сафар карда, бо фаъолияти корхонаҳои маъруфтарини нассоҷиву дӯзандагӣ ва иттиҳодияву донишгоҳҳои соҳавӣ ин кишвар ошно шуда, созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти маркази тиҷорати байналмилалӣ хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳайъати Тоҷикистон аз раҳбарон ва намояндагони 13 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, ду донишгоҳ, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон иборат аст.

Дар ҷараёни сафар, ки 9-уми март оғоз шуд ва то 16-уми март идома хоҳад кард, ҳайъати мазкур аз Лоҳур ва Файсалобод дидан хоҳад кард.

“Аввалин бор аст, ки нассоҷони Тоҷикистон бо чунин як сафари омӯзишӣ ба Покистон, кишваре аз даҳгонаи пешсафи истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон мераванд”, - таъкид намудааст манбъ.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳадаф аз ин сафар шиносоии намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо занҷираи арзиши иловашудаи соҳаи нассоҷӣ дар Покистон, аз ҷумла истифодаи технологияҳо ва таҷрибаҳои истеҳсолӣ, барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ дар сатҳҳои гуногун, омӯзиши бозори ашёи хом ва фазои фурушгоҳҳои чаканаи маҳсулоти соҳа мебошад.

Ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла бо технология ва равандҳои истеҳсолӣ дар ширкатҳои маъруфе назири Nishat Group, Sapphire Group, Style Textile, Shakam, Sadaqat Textiles, Imrahim Group, Masood Textile, Sitara Group, ва ғайра шинос мешаванд ва таҷрибаи онҳоро меомӯзанд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо, роҳандозии барномаҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои соҳавии Тоҷикистону Покистон низ баррасӣ хоҳад гашт. Қарор аст, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар Донишкадаи мӯд ва тарроҳии Покистон воқеъ дар Лоҳур ва Донишгоҳи миллии нассоҷии Файсалобод cозишномаҳои ҳусни тафоҳум имзо намоянд.

Ҳамчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои хидматрасони тиҷоратии ду кишвар баррасӣ мешавад.

Иттиҳодияи умумипокистонии корхонаҳои нассоҷӣ, Иттиҳодияи умумипокистонии корхонаҳои коркарди маҳсулоти нассоҷӣ, ва Иттиҳодияи содироткунандагони маҳсулоти нассоҷии Покистон дар бораи соҳаи нассоҷӣ, имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда дар кишвар маълумот дода,  заминаҳои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷикро баррасӣ хоҳанд кард.

Қарор аст, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои фавқуззикр созишномаҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расонанд.

Инчунин, ҳангоми боздид аз марказҳои логистикӣ шароити содироту воридот омӯхта мешавад. Боздид аз фурушгоҳҳои Лоҳур ва Файсалобод низ бо мақсади шиносоӣ бо василаҳои пешниҳоди маҳсулот ба муштариёни умумӣ ва муошират бо онҳо дар нақша аст.

Барчаспҳо:
сафар, Ташрифи ҳайати Тоҷикистон, сафари корӣ, Покистон, корхонаи нассоҷӣ, санъати нассоҷӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ