Оғози ҳафтаи нав бо ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтаи нав бо болоравии қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар муассисаҳои қарзии кишвар аз 0,1443 то 0,1470 сомониро ташкил медиҳад.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

Манбаъ қурби миёнаи фурӯши 1 долларро дар бозори нақд аз 9,4388 то 9,4400 сомонӣ ва 1 евроро аз 10,6500  то 10,7000 сомонӣ гуфтааст.

Худи Бонки миллӣ дар бозори ғайринақдӣ қурби расмии 1 долларро – 9,4388 сомонӣ, 1 евро – 10.6800 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0,1443 сомонӣ муқаррар кардааст.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан сокинони Тоҷикистон аз камбуди асъори хориҷӣ дар кишвар, аз ҷумла доллар шикоят карданд. Ниёзмандони доллар, ки бештарашон интиқолдиҳандагони бор аз хориҷи кишвар мебошанд, изҳор медоранд, ки бо вуҷуди навбатпоӣ имкон надоранд, ки доллар бихаранд, то бар ивазаш аз хориҷ бор ворид кунанд.

Лентаи хабарҳо
0