17:30 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Работа грузового контейнерного терминала, архивное фото

Тоҷикистон гардиши молу коло бо Узбакистонро 3 дарсад афзоиш дод

© Sputnik / Игорь Зарембо
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ду моҳи ахир беш аз се дарсад афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар давоми ду моҳ гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбакистон наздик ба 30 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 дарсад зиёд будааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбакистон дар моҳи январ-феврали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 дарсад (бештар аз 987 ҳазор доллар) афзоиш ёфтааст: Дар моҳи январ-феврали соли 2018 гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар 28,88 миллион долларро ташкил додааст”, - иттилоъ додааст Хадамоти гумруки Тоҷикистон.  

Бино бар иттилои манбаъ, Тоҷикистон ба Узбакистон дар ҳаҷми 15,669 миллион доллар маҳсулот содир намудааст ва аз Узбакистон бошад ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 14,203 миллион доллар маҳсулот ворид гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми 3 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Аммо ҳаҷми воридоти маҳсулоти Узбакистон ба Тоҷикистон наздик ба 4 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Новобаста аз ин Узбакистон ягона кишвари хориҷи наздик аст, ки Тоҷикистон бо он тавозуни мусбат дорад.  

Ёдрас мешавем, ки айни ҳол бо Узбакистон 12 гузаргоҳи сарҳадии автомобилӣ ва 4 гузаргоҳи сарҳадии роҳи оҳан фаъол аст.

“Рафтуомади шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 – ум 6,5 маротиб афзудааст. Аз ҷумла, дар соли 2017 тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон убури 204858 шаҳрванди Узбакистон ба қайд гирифта шуд. Ин нишондод аз моҳи марти соли 2018 - ум 1388180 нафарро ташкил дод”, - таъкид намудааст Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Инчунин манбаъқайд намудааст, ки дар Тоҷикистон 34 гузаргоҳи давлатӣ, аз ҷумла 16 гузаргоҳ бо Узбакистон, 7 гузаргоҳ бо Афғонистон, 5 гузаргоҳ бо Қирғизистон, 1 гузаргоҳ бо Чин ва 5 гузаргоҳ дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ фаъоланд.

Барчаспҳо:
молу маҳсулот, Хадамоти гумруки Тоҷикистон, афзоиш, гардиши молу коло, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ