17:33 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Монета один сомони, архивное фото

Ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон аз нақшаи пешбинишуда кам иҷро шудааст

© Sputnik / Стас Этвеш
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Ҳаҷми буҷаи давлатӣ дар ду моҳи соли ҷорӣ ба 99,5 дарсади нақшаи пешбинишуда баробар аст

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ҳаҷми кулли буҷаи давлатии Тоҷикистон дар 2 моҳи соли ҷорӣ  3 миллиарду 18,2 миллион сомонӣ (337 миллион доллар)-ро ташкил кардааст, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Бино ба иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми буҷаи давлатӣ дар ин муддат баробари 99,5 дарсади нақшаи пешбинишуда аст.

Бо ин ҳол, камбуди буҷа дар моҳҳои январу феврали соли ҷорӣ 0,5 дарсад буд.

Ҳаҷми куллӣ даромади буҷаи давлатӣ дар моҳи январи соли равон ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ (169,6 миллион доллар) расид, ки ин шумор аз нақшаи барномарезишуда 1,6 дарсад афзойишро нишон медиҳад.

Хазинаи буҷаи давлатӣ дар моҳи январ 976,5 миллион сомонӣ (103,5 миллион доллар) буд.

Ин нишондиҳанда бар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 30,2 дарсад, ё 226,5 миллион сомонӣ афзойишро нишон медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта тавонист ҷамъоварии молиёти буҷаи давлатиро зиёда аз нақша анҷом диҳад. Буҷа 70 миллион сомонӣ (ҳудуди 7,5 миллион доллар) зиёдтар маблағ дарёфт кард.

Бар асоси додаҳои вазорати молӣ, маҷмуи буҷаи давлатии соли гузашта беш аз 23,3 миллиард сомонӣ (2,4 миллиард доллар) буд, ки ин 0,3 дарсад бештар аз нақшаи барномарезишуда мебошад.

 

Барчаспҳо:
буҷа, пул, маблағ, сомонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ