16:49 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Подписание договора, архивное фото

Имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни шӯроҳои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе

© Sputnik / Вероника Антонова-Тризно
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Ёддошти тафоҳуми шӯроҳои тиҷорӣ дар доираи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон ба имзо расидааст

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Русия ва шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон ба имзо расонданд.

Санади мазкур рӯзи чоршанбе дар доираи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Имзоҳои худро зери санади мазкур раиси шӯрои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Ключарев ва раиси шӯрои тиҷоратиии Тоҷикистону Русия Муҳаммад Сурхов гузоштаанд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан ҳайати Русия бо роҳбарии вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.

Зимни сафари худ Антон Силуанов бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Зимни мулоқот тарафҳои масъалаи дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии миёни ду кишварро баррасӣ намуданд.

Барчаспҳо:
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, имзои санад, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ