20:42 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Экспорт, архивное фото

Туркия, Қазоқистон, Узбакистону Афғонистон - кишварҳои аслии содироти Тоҷикистон

CC0 / Pixabay
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
138 0 0

Маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда асосан ба ин чор кишвар содирот мешудааст

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Мақсади аслии содироти Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2019 Туркия, Қазоқистон, Узбакистон ва Афғонистон будааст, менависад "Парс тудэй".

Содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба Туркия таи ин муддат 30.3 дарсад ва Қазоқистон 23.2 дарсад аз ҳаҷми куллии содироти колоҳои ин кишвар ба хориҷро ташкил додааст.

Тоҷикистон умдатан ба ин кишварҳо маҳсулоти алминӣ ва алёфи пахта содир мекунад.

"Дар маҷмуъ зарфи ду моҳи соли равон ҳаҷми нақдии содироти маҳсулот ба Туркия беш аз 38.9 миллион доллар расид дар ҳоле, ки мизони воридоти коло аз ин кишвар ба Тоҷикистон беш аз 21.8 миллион доллар баровард ва ба ҳаҷми 17.1 миллион доллар аз шохиси воридоти колоҳои Туркия ба Душанбе бештар аст", - гуфта мешавад дар гузориш.

Ҳаҷми мубодилаи тиҷории Тоҷикистон ва Туркия таи ин муддат беш аз 60.8 миллион доллар баровард шудааст.

Бо ин ҳол Русия дар шохиси куллии мубодилаи тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҳамонанд қабл дар рутбаи аввал қарор дорад. Ҳаҷми тиҷорати мутақобили ду кишвар таи моҳҳои январ-феврали соли равон беш аз 154.9 миллион долларро ташкил додааст.

Алиминӣ, алёфи пахта, филизҳои гаронбаҳо ва меваҳои хушк аз ҷумла маҳсулоте мебошанд, ки Тоҷикистон ба таври умда ба хориҷ содир мекунад.

30.9 дарсад аз кулли маҳсулоти воридшуда ба Тоҷикистон таи ин муддат ба Русия, 19.8 дарсад Қазоқистон ва 14.6 дарсад ба Чин муртабит аст.

Дар моҳҳои январ-феврали соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти тоҷикӣ дар маҷмуъ 128.5 миллион доллар ва ҳаҷми воридот ба ин кишвар беш аз 481.8 миллион доллар баровард шудааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ