Вазорати саноат мутахассис ва сардорони шуъба меҷӯяд: маош то 1600 сомонӣ

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПортфель
Портфель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон барои ишғоли 6 ҷои холӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст, ки аз 696 сомонӣ то 1609 сомонӣ маош доранд

ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Вазорати саноат барои ишғоли мақоми сардори шуъбаи саноати металлҳои ранга ва металлургӣ ва сардори шуъбаи муассисаҳои илмию таълимӣ озмун эълон кардааст.

Министерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ роҳбару мутахассис меҷӯяд: маош то 2,4 ҳазор сомонӣ

Ин ниҳод афзудааст, ки инчунин сармутахассис ва мутахассиси пешбари раёсати саноати сабук ва пилла, мутахассиси пешбари шуъбаи муассисаҳои илмию таълимӣ ва мутахассиси бахши умумии раёсати муҳосиба ва корҳоро ҷустуҷӯ дорад.

Дар мавриди талабот аз довталабон зикр шудааст, ки баробари таҳсилоти тахассусӣ, барои сардори шуъба 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи  умумии меҳнатӣ, сармутахассис - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи  умумии меҳнатӣ, мутахассиси пешбар - 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи  умумии меҳнатӣ ва барои мутахассис доштани таҳсилоти олӣ зарур мебошад.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 59 доллар маоши моҳона мегирифтаанд

Вазорат эълон барои ишғоли ҷойҳои холиро 27 март нашр карда, таъкид намудааст, ки довталабон метавонанд давоми 21 рӯзи баъди нашр, ҳуҷҷатҳояшонро ба нишонии хиёбони Рӯдакӣ – 22 пешниҳод намоянд.

Ин ниҳод эзоҳ додааст, ки маоши вазифавии сардори шуъба - 1609,20 сомонӣ, сармутахассис - 1040 сомонӣ, мутахассиси пешбар - 847,60 сомонӣ, мутахассис - 696,80 сомониро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0