05:08 26 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.50
  • RUB0.15
Вид на город Хорог, ГБАО.

Бо дастури Раҳмон: дар Хоруғ филиали Фонди дастгирии соҳибкорӣ боз шуд

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
379 0 0

Воқеан машғул шудан ба соҳибкорӣ ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳи тиҷоратӣ  дар шароити кӯҳистон хеле мушкил ва хатарзо аст.

ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Ба мақсади рушд ва тавсеаи соҳаи соҳибкорӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани соҳибкорони ҷавон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ филиали Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз кард.

Роҳбари филиали мазкур Шакар Қадамшоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» чунин гуфтааст.

"Мавқеи ҷуғрофӣ, дурии роҳу бар асари офатҳои табиӣ баста шудани он, харҷи иловагии интиқоли молу колоро ба назар гирифта, Пешвои миллат дастур доданд, ки дар шаҳри Хоруғ филиали Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шавад. Чунин филиал дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ вуҷуд надорад».

Ба гуфтаи роҳбари филиал, воқеан машғул шудан ба соҳибкорӣ ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳи тиҷоратӣ  дар шароити кӯҳистон хеле мушкил ва хатарзо аст.

Аз ин рӯ соҳибкорони вилоят ба дастгирии давлат ниёзи бештар доранд. Яке аз мақсадҳои фонди дастгирии соҳибкорӣ- ин мусоидат ба раванди  рушди  муносибатҳои  бозорӣ дар  асоси  дастгирии  соҳибкории хурду миёна, рушди  рақобати солим, таҳияи бизнес-нақшаҳо ва аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани онҳо мебошад

Таъсиси  филиали Фонди дастгирии соҳибкорӣ  дар шаҳри Хоруғ  ба фаъолияти соҳибкорон такони хуб мебахшад. То ин вақт соҳибкорон  барои муаррифии  барномаҳои тиҷоратӣ  ба шаҳри Душанбе  сафар мекарданд, ки ин сабаби харҷи иловагии вақту  маблағ мегардид.

Аз ин ба баъд барномаҳои онҳо дар худи шаҳри Хоруғ аз тарафи коршиносони масоили иқтисодӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд ва дар сурати ғолиб омадан дар озмун ба онҳо қарзи имтиёзнок дода мешавад.

Масъулини филиали Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар мулоқот бо соҳибкорони вилоят  изҳор намуданд, ки дар ояндаи наздик сафари худро ба деҳоти дурдасти ноҳияҳои вилоят оғоз намуда, кӯшиш мекунанд, ки  соҳибкорони деҳоти дурдаст низ аз дастгириҳои фонди мазкур бархурдор гарданд.

Мавзуъ

Соҳибкорони бозорҳои шаҳру навоҳии ВМКБ нархи наворо дар моҳи Рамазон арзон карданд

Мавзӯъҳои асосӣ