15:50 17 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар ҷаласаи назоратӣ

Раиси ВМКБ: бе рушди истеҳсолот пешравӣ номумкин аст

саҳифаи Мақомоти иҷроияи ВМКБ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
186 0 0

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ҷаласаи назоратии масъулини вилоят, иҷрои қарорҳои Ҳукумат дар бораи таҳкими истеҳсолот ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати ВМКБ, раиси вилоят изҳор доштааст, ки бе рушди истеҳсолот пешравӣ ғайриимкон аст.

“Бе рушди истеҳсолот, кам намудани воридот ва афзудани содирот пешравии дилхоҳ минтақа ғайриимкон мебошад”, - изҳор доштааст Ёдгор Файзов.

Дар мавриди масъалаи дуюм Файзов пешниҳод намудааст, ки  барои беҳтар намудани сифати курсҳои бозомӯзӣ ҳамкории филиали Донишкадаи такмили ихтисос, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ҳамаҷониба тақвият бахшида шавад.

Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор ҳадаф гузошт, ки тавлидоти дохилиро густариш дода, пойбандӣ ба молҳои воридотиро кам кунад. Феълан мол дар бозорҳои Тоҷикистон аксаран воридотӣ буда, ба гуфтаи коршиносон ин омил иқтисоди кишварро дар баробари омилҳои берунӣ осебпазир кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ