Рӯзҳои 16-17 апрел: мушовири Путин дар муносибот бо Тоҷикистон такон ба пешро пешгӯӣ кард

© Sputnik / Сергей ГунеевПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунёди “Росконгрес” барномаи Конфронси 7-уми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистон ва Русияро, ки 16 ва 17-уми апрел дар шаҳри Маскав дар назар аст, нашр намуд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik.  Ҳамоиши мазкур, ки аз ҷониби Вазоратҳои рушди иқтисоди ду кишвар ташкил мешавад, ба гуфтаи Антон Кобяков, мушовири раисиҷумҳури Русия таконе дар муносиботи ду давлат хоҳанд шуд.

Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Гусев дар бораи мулоқоти Раҳмону Путин: мушкилии зиёде ҷамъ шудааст

Кобяков эътимоди тарафайни Тоҷикистону Русия ва мавқеи ҳамсони ду кишвар дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар марзҳои ҷанубии ИДМ-ро бисёр муҳим хондааст.

Ӯ ҳамчунин ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодии Тоҷикистон ва Русияро зикр карда, иттилоъ додааст, ки додугирифти мол миёни ду кишвар дар соли 2018 ба 900 миллион доллар – 17% бештар нисбати соли 2017 баробар шудааст.

“Дар Тоҷикистон беш аз 130 корхона бо сармояи Русия, ё муштарак фаъолият доранд. Боварӣ дорам, чорабинии оянда, такони нав дар муносиботи ду кишвар шуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ -  гуманитарӣ замина мегузорад”, - иттилоъ додааст “Росконгресс” аз қавли Кобяков.

Ба иттилои манбаъ дар рӯзи аввали ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Русия мизҳои гирд дар бораи рушди муносибот дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, ҳамлу нақл, саноат ва тиҷорату сармоягузорӣ баргузор мегарданд.

Президент России Путин и Президент Таджикистана Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Кремл ба мулоқоти Раҳмону Путин омода мешаванд

“Ба ҳамкорӣ дар бахши маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад шуд. Дар мизи гирд дар ин мавзуъ намояндагони вазоратҳои маориф ва фарҳанги ду кишвар, ректорони муассисаҳои таълимии олии Русия иштирок хоҳанд кард”, - омадааст дар иттилоия.

Дар доираи конфронс инчунин Анҷумани ҷавонони Тоҷикистону Русия зери унвони “Роҳи муштарак ба иқтисоди оянда” ба нақша гирифта шудааст. Дар он баррасии соҳибкории ҷавон ва дастгирии навкорону рушди сайёҳӣ дар назар аст.

Нуктаи марказӣ дар барномаи конфронс, ҷаласаи умумӣ хоҳад шуд, ки дар анҷоми он як қатор санадҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо мерасанд.

Ба иттилои “Росконгресс” дар конфронс иштироки чеҳраҳои воломақоми ду кишвар, намояндагони бахши хусусӣ ва ходимону фаъолони ҷамъиятӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0