14:47 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Вазир гуфт, 30%-и мол ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
55 0 0

Додугирифти мол миёни Тоҷикистон ва Русия соли 2018 ҳудуди 9% боло рафта, марзи як миллиард долларро убур намуд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар ин бора Ашӯрбой Солеҳзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ зимни конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия иттилоъ дод.

Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и президент Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солеҳзода паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба иштирокдорони конфронсро қироат кард, ки дар он аз ҷумла мақоми махсуси Русия ба ҳайси шарики асосии тиҷорӣ таъкид шудааст.

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки беш аз 25 дарсади савдои хориҷии кишвар бо Русия сурат мегирад. Ӯ саҳми Русияро дар ҳаҷми умумии воридоти мол ба Тоҷикистон 30 дарсад гуфт.  

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 16 апрел бо сафари расмии дурӯза бо як ҳайати бузурги аъзои ҳукуматаш вориди Русия шуд.

Дар назар аст, ки имрӯз 17 апрел раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русиягияш Владимир Путин мулоқот канад. Дар анҷоми мулоқот имзои як қатор санадҳо ба нақша гирифта шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ