09:38 24 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Неъматулло Хикматулоозода. Архивное фото

Неъматулло Ҳикматуллозода: сармояҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон бояд зиёд карда шаванд

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
246 0 0

Тоҷикистон ба Русия пешниҳод намудааст, ки ҳамкориро дар заминаи сармоягузорӣ рушд диҳанд. Тоҷикистон беҳтар намудани ҳамкориҳо дар самти сармоягузориро ба манфиати ҳар ду кишвар медонад

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни баргузори Конфронси 7-ум оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Тоҷикистону Русия изҳор дошт, ки таҷриба ва имконятҳои технологии Русия метавонад ба Тоҷикистон дар амали барномаҳои стратегияи рушди Тоҷикистон кумак намояд.

Вай афзуд, бидуни шак ба иқтисод бояд сармоя ворид гардад. Сармоягузориҳо аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешаванд, аммо мо мехоҳем бо ширкатҳои русӣ боз ҳам бештар ҳамкорӣ намоем.

“Чунки мавзӯи  гуногунсозии сармояҳо мавзӯи рӯз аст. Дар ҳоли ҳозир таваҷҷуҳи сармоягузорони дигар кишварҳо ба бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар афзоиш ёфтааст. Ба фикри мо ҳоло рӯзе расидааст, ки фаолияти ҳар ду кишвар дар ин самт бояд фаъолтар гардад. Ин иқдом барои қаламрави иқтисодии Русияву Тоҷикистон бисёр муҳим аст”, - гуфт Неъматулло Ҳикматуллозода,вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Инчунин вай таъкид намуд, ки беҳтар намудани ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ ба манфиати ҳар ду кишвар аст.

“Мо омода ҳастем ҳамкориҳоямонро васеътар намоем. Мо ба ин кор омода ҳастем”, - қайд намуд Вазир.

Вай афзуд, ки дар доираи барномаҳои сармоягузорӣ аз Русия ба Тоҷикистон метавонад технология ва навоварӣ ворид гардад ва бо мурури замон вазъи иқтисодӣ тағйир ёбад.

Неъматулло Ҳикматуллозода, ҳамчунин гуфт, ки сармоягузорони Русия метавонанд тарқи бозори Тоҷикистон вориди бозорҳои бузургтарин яъне Афғонистону Чин гарданд.

“Ман фикр мекнам мо бояд ҳамкориҳоямонро дучанд афзоиш диҳем. Мо шароити хуб фароҳам овардем. Мо дар минтақаҳои сарҳадӣ минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил кардем, ки дар онҷо сабукиҳои андозбандӣ пешниҳод намудем. Мо умедвор ҳастем, ки сармоягузорини Русия ба ин масъала аҳамияти хос хоҳанд дод”, - гуфт Вазири рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, савдо, афзоиш, сармоягузорӣ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ