22:51 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото

Аз ҳамкорӣ то сармоягузорӣ ба иқтисод: шарҳи Ҳикматуллозода аз ҳамкорӣ бо Русия

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон эълон намуд, ки имрӯз Тоҷикистон наздик бо 70 минтақаи Русия ҳамкориро ба роҳ монда, кишвар ба таҳкими равобити мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ бо Русия аҳамияти хос медиҳад.

ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҷараёни Конференсияи 7-уми ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, эълон намуд, ки минтақаҳои Русия бо маҳсулоти Тоҷикистон хуб ошно ҳастанд ва маҳсулоти Тоҷикистон  дар бозорҳои Русия ба таври маъмулӣ мавҷуд аст.

 “Мо ҳамгироӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун яке аз самтҳои страгегӣ ва ояндадори муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия арзёбӣ менамоем”,-таъкид намуд Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Неъматулло Хикматуллозода инчунин зикр намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими равобити мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ бо Русия, аҳамияти хос медиҳад.

Ба гуфтаи вай рушди мутақобилан судманди равобити тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Русия барои рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

“Имрӯз Русия яке аз шарикони асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба ҳиссаи он 25 дарсади ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии ҷумҳурӣ, аз ҷумла зиёда аз 30 дарсади маҳсулоти воридотшаванда рост меояд. Соли 2018 ҳаҷми додугирифт миёни ду кишвар  дар муқоиса бо соли 2017 9,3 дарсад афзуда, зиёда аз 1 миллиард долларро ташкил дод”, - қайд намуд Неъматулло Ҳикматуллозода.

Инчунин вай афзуд, ки ҳамкории сармоягузорӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамгироии иқтисодии ду кишвар мебошад.

“Тайи даҳсолаи охир ҳаҷми сармоягузории Россия дар иқтисодиёти Тоҷикистон тақрибан 1.7 миллиард доллар, аз ҷумла сармоягузории мустақим — 930 миллион долларро ташкил дод”, - гуфт вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон.

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон қайд намуд, ки сармоягузории Русия ба бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон, ба хусу ба энергетика, истеҳсолоти саноатӣ, соҳаи истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, металлургӣ ва сохтмонӣ, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, кишоварзӣ, телекоммуникатсия ва саноати технологияҳои баланд равона гардидааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон бо сармоягузории Русия 149 корхона фаъолият доранд. Аз ин теъдод 40 корхона бевосита ба Русия мутааллиқ буда, 109 корхонаи дигар муштарак мебошанд.

Барчаспҳо:
минтақаҳо, Вазири рушди иқтисод, ҳамкорӣ, иқтисод, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ