22:48 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, акс аз бойгонӣ

Сохтмонҳо қиматтар мешаванд? қарори нави Рустами Эмомалӣ

© Sputnik Amir Isaev
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
4527 0 0

Шаҳрдории Душанбе бо қабули як қарор ширкатҳои сохтмониро дар пойтахт ба додани пардохтпулии ҷадид муваззаф кард

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор, тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар шаҳри Душанберо тасдиқ кард.

Шаҳрдор роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, сарраёсатҳои  молия ва меъморию шаҳрсозии пойтахтро муваззаф кардааст, талаботи тартиби мазкур амалӣ карда шаванд.

Шаҳрдорӣ мушахассан ҳаҷми пардохтпулиҳо барои иҷозатномаи сохтмон дар пойтахтро феълан дар сомонааш нашр накардааст, аммо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар қаблан зимни муаррифии ин тарҳ дар парлумон изҳор дошта буд, ки ин пардохтпулиҳо ҳудуди 165 то 220 сомонӣ барои як метри мураббаъро ташкил хоҳанд дод. Ба гуфтаи Ҳикматуллозода то ҳол ширкатҳои сохтмонии биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот чунин пардохтпулӣ намедоданд.

Дар қарори Рустами Эмомалӣ ҳадафи ин иқдом рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе арзёбӣ шудааст.

Дар назар аст, ки ин пардохтпулиҳо ба Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гарданд, ки бо қарори Рустами Эмомалӣ аз 17 апрели соли равон таъсис дода шуд.

Бар асоси манбаъ, ин иқдом бо  вазорату кумитаҳо ва инчунин Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шуда, дар асоси қарори ин ниҳодҳо амалӣ мешавад.  

Мавзӯъҳои асосӣ