07:02 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Республиканские соревнования по горным лыжам среди юниоров в горнолыжном комплексе Сафед Дара

Шарҳи Баҳодур Исҳоқов аз навовариҳои "Сафед-дара"

Горнолыжный комплекс "Сафед Дара"
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара"дар соли оянда меҳмонхонаи нав месозад ва барои кӯдакон дар мавсими тобистон урдугоҳи солимсозии бачагона ташкил мекунад

ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара" тасмим дорад соли оянда барои қабули 260 меҳмони хориҷӣ меҳмонхонаи замонавӣ бунёд намояд, иттилоъ дод Баҳодур Исҳоқов директори генералии "Сафед-дара".

Ба гуфтаи Баҳодур Исҳоқов меҳмонхонае, ки дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара" фаъолият дорад имкони қабули меҳмонони зиёдро надорад. Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар қиёс ба солҳои қаблӣ теъдоди сайёҳон аз Русия ва Узбакистон ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Сохтмони меҳмонхонаи нав ба мо имкон медиҳад бо дигар истироҳатгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя рақобат намоем. Инчунин имконият медиҳад сайёҳони бештарро ҷалб намоем.

Инчунин, Баҳодур Исҳоқов эълон, ки тобистони имсол дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара" мавсими тобистона барои истироҳати оилавӣ ташкил карда мешавад.

Мавсими тобистона барои кудакон урдугоҳи солимсозӣ, фароғатӣ ва омӯзишӣ ташкил карда мешавад.

Дар ин мавсим ҳамчунин ташкили маркази парапланеризм дар назар аст. “Бунёди ин марказ барои мо самти ҷадид аст, ки мо мехоҳем онро пеш барем. Мо мехоҳем сайди моҳи ва шикорро низ ба роҳ монем”, - таъкид кард директори генералии Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара".

Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, ки аксари сайёҳоне, ки дар ин маҷмаа истироҳат мекунанд, шаҳрвандони Русия ва Узбакистон мебошанд. Баҳодур Исҳоқов қайд намуд, ки пас аз барқарор шудани муносибатҳо миёни Узбакистону Тоҷикистон шумори сайёҳони аз ин кишвар ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Вай афзуд Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара" соли гузашта робитаҳои худро бо Чехия ба роҳ мондааст ва дар соли оянда интизори сайёҳони Чехия хоҳанд буд. 

“Мо барои меҳмонони хориҷӣ аз Маҷмааи лижаронию сайёҳии Куршевел мураббӣ даъват карда будем. Дар ояндаи наздик мо мехоҳем ба майдонҳо бароем, ки худро нишон бидиҳем ва бо тариқи маркетинги дуруст ба сайёҳони хориҷиро ҷалб намоем. Дар оянда мо мехоҳем тариқи ширкатҳои таблиғотии русӣ ва австрягӣ сайёҳонро ба Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара" ҷалб намоем.

Барчаспҳо:
рус, хориҷа, сайёҳ, Сафед-дара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ