21:01 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Крепость Хулбук в городе Курган-Тюбе, архивное фото

Бонки Ҷаҳонӣ дар “Чилучор Чашма” ва “Ҳулбук” 3 миллион доллар масраф хоҳад кард

© Sputnik / Амир Исаев, STR
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
462 0 0

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ зимни мулоқот бо ҳукумати вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки вилоят барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди мавзеҳои сайёҳӣ ва манзараҳои зебову ободи зиёд дорад

ДУШАНБЕ, 2 мая – Sputnik. Муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Андреа Далл Олио мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Зимни мулоқот намояндагони Бонки Ҷаҳони иттилоъ доданд, ки дар минтақаи Хатлон лоиҳаеро роҳандозӣ хоҳанд кард, ки тибқи он барои самаранокии рушди сайёҳӣ ва муаррифии мавзеъҳои таърихӣ “Чилучор Чашма”, “Ҳулбук” ва “Хоҷа Машҳад” 3 млн. 400 ҳазор доллар ҷудо хоҳанд кард.

“Қисми аввали лоиҳа коркарди маҳсулоти кишоварзӣ-агробизнес ва қисми дуюм рушди сайёҳӣ мебошад, ки ҳамаи корбарии лоиҳавӣ тариқи Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷорӣ шуда, барои самаранокии рушди сайёҳӣ ва муаррифии мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла мавзеҳои “Чилучор Чашма”, “Ҳулбук” ва “Хоҷа Машҳад” равона мегардад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Тибқи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ маблағҳои грантӣ 2 миллион доллар барои мавзеи “Чилучор Чашма”, 1 миллион доллар барои “Ҳулбук” ва 400 ҳазор доллар барои “Хоҷа Машҳад” ҷудо хоҳад шуд.

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ зикр намудааст, ки дар рафти амалишавии лоиҳа бо истифода аз маблағҳои грантӣ обектҳои сайёҳии мавҷуда ва роҳҳои автомобилгард низ бо гузоштани роҳнамоҳо ва навиштаҷотҳои стандарти ҷумҳуриявӣ таъмин карда мешаванд.

“Роҳнамоҳо ва навиштаҷотҳои сайёҳӣ бо 3 забон омода карда шуда, дар роҳраву мавзеъҳои сайёҳӣ насб мегарданд, то ки барои маълумоти сайёҳони хориҷӣ дастрасу муфид буда, аз ҷойгиршавии мавзеҳои таърихию фарҳангӣ, истироҳатгоҳҳою осоишгоҳҳо бохабар бошанд”, - афзуд манбаъ.

Барчаспҳо:
мавзеъ, сайёҳӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Ҳулбук, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ