03:25 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Бонки миллӣ корманди “Амонатбонк”-ро ҷазо дод

© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
57201

Бонки миллии Тоҷикистон хазинадори “Амонатбонк”-ро 1100 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Асадулло Валиев, хазинадори 44-солаи  бонки давлатии “Амонатбонк” аввали соли равон зимни муомилот бо 1 ҳазор рубли русӣ,  қонуншиканӣ кардааст.

“Валиев, хазинадори “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар 21 январи соли 2019 аз шаҳрванд Менгиқулов С. 1000 рубли русӣ ба ивази 142 сомониро ғайриқонунӣ харидорӣ намуда, ин ҳолатро дар ҳисоботи бонкӣ дохил накардааст”, - иттилоъ дод додситонӣ.

Манбаъ афзуд, нисбати Валиев Асадулло аз ҷониби додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Бонки миллӣ дар пайи баррасии қазия Валиевро ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1100 сомонӣ ҷарима баст.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби фурӯши як рубли русӣ дар муассисаҳои молии кишвар аз 0,1447 то 0,1465 сомонӣ муқаррар шудааст.

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз идораҳои бонкҳо ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, нақзи ин муқаррарот ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ