23:26 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Рабочие на стройке, архивное фото

Тоҷикистон дар чор моҳ беш аз 1,2 миллион тонна семент истеҳсол кард

CC0 / Pixabay
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
125 0 0

Дар ин муддат ба кишварҳои ҳамсоя 462 ҳазор тонна, аз ҷумла, ба Узбакистон 250 ҳазор тонна, Афғонистон 198 ҳазор тонна ва Қирғизистон 14 ҳазор тонна семент содир кард

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Тоҷикистон дар 4 моҳи соли ҷорӣ 1 миллиону 214 ҳазор тонна семент тавлид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилои вазорати энержӣ ва саноеи Тоҷикистон, ҳаҷми тавлиди семент дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 74 ҳазор тонна рушд кард.

Бар асоси додаҳои оморӣ, Тоҷикистон дар ин муддат ба кишварҳои ҳамсоя 462 ҳазор тонна, аз ҷумла, ба Ӯзбекистон 250 ҳазор тонна, Афғонистон 198 ҳазор тонна ва Қирғизистон 14 ҳазор тонна семент содир кард.

Дар Тоҷикистон 13 ширкат симон тавлид мекунад ва зарфияти солонаи онҳо 4,7 миллион тонна симон мебошад.

Пештар хабар дода шуд, ки дарТоҷикистон дар як моҳ бештар аз 197 тонна семент истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба 16 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ