08:00 24 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Доллар на земле, архивное фото

Дар бонкҳо доллар несту дар бозори сиёҳ арзиши як доллар ба 10 сомонӣ расид

CC0 / Pixabay
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
22510

Дар рӯзҳои ахир арзиши сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон дар бозори ба истилоҳ “сиёҳ”-и кишвар дар баробари асъори хориҷӣ ҷиддан коҳиш ёфтааст. Тоҷирон мегуянд, ки дар бозори ғайрирасмӣ нархи сад доллари амрикоӣ аз 1000 сомонӣ ҳам гузаштааст

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҳарчанд дар нуқтаҳои фурӯши асъор дар бонкҳои тиҷоратӣ арзиши 1 доллар 9 сомонию 42 дирам муқаррар шудааст, аммо харидории доллар аз нуқтаҳои  тақрибан ғайриимкон аст, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday  дар истинод ба сомонаи Авесто.

Тибқи иттилои манбаъ, таи рӯзҳои ахир арзиши доллар дар бозори ғайри расмӣ дар Тоҷикистон ба 10 сомонӣ расид.

Дар ҳамин ҳол дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон арзиши як доллар 9 сомонӣ ва 43 то 9 сомонӣ ва 44 дирам сабт шудааст.

Афзоиши қурби доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон замоне рух дод, ки таҳияи доллар дар бонкҳо ва марказҳои муҷози тиҷории ин кишвар ғайримумкин аст, чароки аз оғози соли 2019 фаолони бахши хусусии Тоҷикистон аз камбуди доллар дар бонкҳои тиҷории ин кишвар шикоят мекарданд ва коршиносон ба 10 сомонӣ расидани арзиши як долларро баъид намедонистанд.

Бонкҳои тиҷорӣ ва марокизи муҷози молии ин кишвар эълом кардаанд танҳо аз мардум доллар харида мешавад ва барои фуруш арзи зиёде дар ихтиёр надоранд.

Дар бонки тиҷории Қазоқитон дар шаҳри Душанбе танҳо ба 25 нафари аввале, ки аз субҳ барои хариди доллар дар саф истодаанд ба ивази ҳар муштарӣ то 300 доллар фурухта мешавад.

Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз афзоиши нархи арзҳои хориҷӣ дар соли 2015 ба бастани тамомии саррофиҳо иқдом карданд, ки ин тадбир низ корсоз нашуд.

Аммо коршиносон афзоиши тавони содирот ва воридот ба нафъи воридотро омили аслии навасоноти арзӣ дар ин кишвар унвон мекунанд. Зеро аз маҷмуъи 1 миллиарду 300 миллион доллар муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таи чаҳор моҳи нахусти соли равон 1 миллиард воридот ва наздик ба 300 миллион доллар содирот будааст.

Барчаспҳо:
бозори сиёҳ, "бозори сиёҳ", болоравии нарх, камбуд, доллар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ