14:16 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

БМТ: дар зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳоло ҳам мушкилот вуҷуд дорад

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Пас аз танбеҳи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо масъулини бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии кишвар ҷаласаи корӣ баргузор намуданд

ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Ҳамидулло Машрабзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни ҷаласа бо роҳбарияти бонкҳои ва ташкилотҳои молиявии кишвар эълон намудааст, ки  бо вуҷуди иҷрои корҳои назаррас дар самти зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилот ҳоло ҳам баъзе мушкилот дида мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Вай афзуд, новобаста аз мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби ташкилотҳои карзӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини терминалҳои электронӣ ва истифодаи онҳо дар марказҳои савдою хизматрасонӣ дида мешавад. 

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар хостааст, чораҳои таъхирнопазир андешанд ва барои қабули ҳақи ҳама намуди хизматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои электронӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории судманд ба роҳ монанд.

“Инчунин роҳбарияти Бонки миллӣ зимни ҷаласаи мазкур ба намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта  дастуру супоришҳои мушаххас доданд”, таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як амру як фармоиш роҳбарияти Бонки миллӣ ва Кумитаи гумрукро танбеҳ дод.

Дар бораи танбеҳи роҳбарияти Бонки миллӣ, аз ҷумла Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси бонк ва Ҷамолиддин Нуралиев - муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон амри президент ба имзо расидааст.

"Ба Нурмаҳмадзода Ҷамшед - раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Нуралиев Ҷамолиддин Камолович - муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло - муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Салимова Лола Ҷумаевна - муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон танбеҳ дода шавад", - гуфта мешавад дар матни санад.

Барчаспҳо:
Бонкҳои хурди қарздиҳӣ, ҳамкории бонкҳо, Раисҷумҳур, танбеҳ, БМТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ