23:59 17 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Данғара, акс аз бойгонӣ

Захираи дусола: дастури Эмомалӣ Раҳмон ба чорводорон дар Данғара

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бо рафти корҳои кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, айни замон бо истифода аз имкони мавҷуда дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҷамъоварии хӯроки чорво идома дорад.

Манбаъ афзуд, дар мавсими имсола чорводорони ноҳияи Данғара азм доранд зиёда аз 100 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво ҷамъоварӣ намоянд. То 24 май кишоварзон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бештар аз 20 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво ҷамъоварӣ кардаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо дарназардошти фаровонии хӯроки чорво хоҷагидоронро барои захираи дусолаи он вазифадор намудаст.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, кишоварзони ноҳияи Данғара давоми солҳои зиёд аст, ки дар самти ҷамъоварии хӯроку парвариши чорво таҷрибаи ғанӣ доранду дар қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир нақши муҳим мегузоранд.

Контроль качества мяса. Архивное фото
© Sputnik / Александр Кряжев

“Соли гузашта чорводорони ноҳия нақшаи ҷамъоварии хӯроки дурушти чорворо 105 фоиз иҷро намуда буданд. Меҳнати пайваста ва истифодаи тамоми имконоти мавҷуда буд, ки дар мавсими имсолаи наслгирӣ чорводорони ноҳияи Данғара таҷрибаи намунавӣ нишон доданд”, - омадааст дар иттилоия.

Кишоварзон талош доранд дар ҷумҳурӣ бо заминагузори ба рушди минбаъдаи чорводорӣ дар зиёд кардани истеҳсоли гӯшту шир ва қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулот нақши муҳим дошта бошанд.

Меҳнаткашони ноҳияи Данғара дар баробари ҷамъоварии алафҳои худрӯй аз талу теппаҳои беканори ноҳия ҳамзамон дар майдони 660 гектар кишти зироати гуногун барои захираи хӯроки чорво гузарониданд, иттилоъ додаст дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Мавзӯъҳои асосӣ