06:42 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Президент медонад: кӣ сармоягузоронро “грузит” мекунаду мегурезонад?

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
7254 0 0

Парлумони Тоҷикистон дар пайи интиқоди раисиҷумҳур аз сарватғундории ғайриқонунии мансабдорони давлатӣ, ҳафтаи равон як қатор қонунҳоро қабул намуд, ки назорати дороии масъулинро пурзӯр мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон бо қабули тағйирот ба қавонини кишвар, масъулини давлатӣ, аз ҷумла кормандони бахши гумрук, милиса, Ожонси мубориза бо маводи мухаддир ва дигар ниҳодҳоро муваззаф намуд, ки эъломияи дороии худро пешниҳод намоянд.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегиранд, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон махсусан аз мақомдорони андоз интиқод кард, ки беасос барои ҷайби худу пур кардани нақша қарзро бори соҳибкорону сармоягузорон мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ду баробар коҳиш ёфтани сармоягузоронро дар Тоҷикистон мисол оварда, таъкид намуд, ки он натиҷаи фишори кормандони андози кишвар мебошад.

Раисиҷумҳур таъкид кард, ки ба зиммаи андозсупорандагон уҳдадориҳои беасосро вогузор мекунанд ва афзуд, мақомдорон барқасд барзиёд ҳисоб мекунанд, то ба фоидаи ҷайбашон маблағ ситонанд.

“Талаб мекунанд, барои ҷайби худ. Вақте надод, ҳаминро ҳисоб мекунанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Сабаби дигари зиёд ҳисоб кардани андозҳоро Эмомалӣ Раҳмон ба он рабт дод, ки мақомдорони соҳа барои ба таври сунъӣ беҳтар нишон додани натиҷаҳо ва бо ҳар роҳу восита иҷро кардани нақша, ба чунин амалҳо даст мезанад.

Дар ҳамин ҳол тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар бо таъсиси комиссияи босалоҳият аз моҳи июни соли 2019 сар карда, тамоми мансабдорону кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрукро аз аттестатсия мегузаронад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо мақомдорони гумрук, андоз, молия ва бонкҳо,  Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишварро муваззаф намуда буд, ки дар ин ниҳодҳо санҷиши сартосарӣ амалӣ карда шавад.

“Тамоми ҳамин сохторҳоро аз элак бехтан даркор аст. Комиссияи давлатӣ барои аттестатсия таъсис дода шавад. Декларатсия, даромадашро хонаю дарашро муайян кунад. Хусуру хушдоманашро аз он ҷумла ва фарзандонаш қатӣ, чӣ моликият ва дар куҷо доранд”, - дастур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Мавзӯъҳои асосӣ