07:58 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Доллари ИМА, акс аз бойгонӣ

“Бозори сиёҳ”: парвандаи Шарипов ва Қурбонов барои харидуфурӯши асъор дар “Фаровон”

CC0 / Pixabay
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1219 0 0

Маъмирини идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили РВУД дар вилояти Хатлон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Давлаталӣ Шарипов ва Шуҳрат Қурбонов хабар доданд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар пайи як санҷиш Давлаталӣ Шарипов, сокини 35-солаи шаҳри Леваканд дастгир шудааст, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ бо доллар ва рубл муттаҳам мешавад.

Шарипов дар гузориши ВУД гуфт, нафари номаълуме дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар ба ӯ мубодилаи асъорро пешниҳод карда, онҳо 100 долларро 995 сомонӣ ва 1000 рублро 152 сомонӣ маслиҳат кардаанд.

Ба гузориши ВУД, Шарипов 19 майи соли равон 20 ҳазор рубли русӣ ва 2800 доллари амрикоиро бо нархи 9,95 сомонӣ сари ҳар доллар харидуфурӯш кардааст.

ВУД афзуд Шарипов ва Шуҳрат Қурбонов, сокини 40-солаи шаҳри Бохтар дар пайи амалиёти муштарак бо мақомоти додситонӣ дар бозори “Фаровон”-и маркази Хатлон боздошт гардиданд.  

Додситонии шаҳри Бохтар бо модаи 286-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, феълан тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ