Собиқ бонкдори асосии Тоҷикистон роҳи фоидабахшии бонкҳои исломиро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевШариф Рахимзода. Архивное фото
Шариф Рахимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шариф Раҳимзода, собиқ раиси Бонки миллӣ ва вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон дар парлумони кишвар роҳи фоидабахшии бонкҳои исломиро ба моликон, қарзгирон ва пасандозгузорон шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раҳимзода зимни муаррифии бархе тағйироти ҷузъӣ ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ” ба суоли вакил Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи роҳи судгирии бонкҳои исломӣ посух дод. 

Галина Ярошевич - Sputnik Тоҷикистон
Шикваи зани 75-сола аз “Агроинвестбонк”: на 2000 долларамро медиҳанду на фоизашро

Ғаффоров суол кард, вақте бонки исломӣ қарз медиҳад, фоизи фоида мегирад, ё на?

Шариф Раҳимзода, ки феълан роҳбарии Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагонро ба уҳда дорад, таъкид кард, ки  мувофиқи қоидаҳои шариат гирифтани баҳра манъ мебошад.

“Бинобар ин, дар давлати исломӣ гирифтани фоиз мамнӯъ аст. Онҳо дар асоси шартномаи байни бонк ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ фоидаро тақсим мекунанд”, - таъкид кард Раҳимзода.

Дар мавриди онҳое, ки дар бонк маблағ мегузоранд, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумон гуфт, бонкҳои исломӣ фоидаашонро бо онҳо қисмат мекунанд.

“Даромадҳои бонк аз ҳамин чиз ташаккул меёбад. Онҳое, ки дар бонкҳо маблағ мегузоранд, аз натиҷаи фаъолияти бонк барояшон даромад ҷудо карда мешавад”, - изҳор дошт Шариф Раҳимзода.

Лентаи хабарҳо
0