Дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи тоҷикӣ-туркии “Афранг Пластик” бунёд мегардад

© СЭЗ "СУГД"Комиссия Минэкономразвития утвердила проект нового субъекта СЭЗ «Сугд» на 5,5 миллионов сомони
Комиссия Минэкономразвития утвердила проект нового субъекта СЭЗ «Сугд» на 5,5 миллионов сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комиссияи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон доир ба баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалисозии лоиҳаи истеҳсоли профилҳои пластикиро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” қабул намуд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik.  Лоиҳа аз ҷониби довталаб барои гирифтани мақоми субъекти МОИ, корхонаи тоҷикӣ-туркии “Афранг Пластик”, ки ифтитоҳи он ба моҳи сентябри соли 2019 пешбинӣ шудааст, пешниҳод гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Минтақаи озоди иқтисодии Суғд.

Мулоқоти Раҷаббой аҳмадзода бо ширкати чинии “Neusoft Medical Corporation” - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати чинии “Neusoft Medical Corporation” мехоҳад вориди бозори Суғд шавад

Бино бар иттилои манбаъ маблағи сармоягузории лоиҳа 5,5 млн сомонӣ (наздики 580 ҳазор долла) мебошад.

Масоҳати корхона, ки аз 1468 м2 иборат мегардад, дар он истеҳсоли 350 тонна профилҳои ПВХ дар як сол ба нақша гирифта шудааст, ки ин нишондод 30 дарсади ҳаҷми умумии лоиҳавиро дар бар мегирад.

Корхона ба кор даровардани иқтидори умумии ҳаҷми истеҳсолиро то соли 2021 ба 1200 тонна дар як сол расонданист.

Нархи рақобатпазири маҳсулоти сифатноки корхона имконияти натанҳо таъмин намудани бозори дохилиро дода, нчунин ба кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон содирот карда мешаванд.

Дар корхона таҷҳизоти истеҳсолии замонавӣ ва навтарин насб карда шуда, дар он 28 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Қаблан дар моҳи апрел дар Маъмурияти МОИ “Суғд” тасдиқномаи мақоми субъект ба директори корхона расман супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0