17:27 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Встреча Председателя НБТ и советника Президента Франции по экономическим вопросам странь Центральной Азии

Нурмаҳмадзода аз мушовири раисҷумҳури Фаронса хоҳиш кард ҳамкориҳо дубора барқарор шаванд

Национальный банк РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
238 0 0

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни дидор бо мушовири раисҷмуҳури Фаронса, масоили ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистон ва Фаронсаро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik.  Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо мушовири раисҷмуҳури Фаронса доир ба масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи марказӣ Паскал Лоро ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуэдар мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Тавре манбаъ қайд намудааст, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, изҳори умедворӣ намуд, ки мулоқоти имрӯза барои барқарор намудани ҳамкориҳо ва тақвияти минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистон ва Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Нурмаҳмадзода зимни мулоқот, иброз доштааст, ки Бонки миллӣ омодаи ҳамкории судманди дуҷониба аст.

“Бонки миллӣ дар гузашта низ бо Бонки марказии Фаронса ва институтҳои молиявию қарзии Фаронса ҳамкории наздик дошт. Дар доираи ин ҳамкорӣ, мутахассисони Бонк дар Пажуҳишгоҳи молиявӣ – бонкии Бонки марказии Фаронса даври омӯзишӣ мегузаштанд. Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ омодаи ҳамкориҳои самарабахш ва манфиатовари низоми бонкии ду кишвар аст. Барои барқарор кардани равобити судманд Бонк дар фурсати кӯтоҳ лоиҳаи ҳамкориҳоро дар самтҳои барои низоми бонкии Тоҷикистон афзалиятнок омода ва пешниҳод менамоем”, - гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ зикр намудааст, ки дар доираи Протокол доир ба ҳамкорӣ байни Бонки марказии Фаронса ва Бонки миллӣ, давоми солҳои 1999 – 2006 беш аз 220 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар Пажуҳишгоҳ молиявӣ – бонкии Бонки марказии Фаронса такмили ихтисос намуданд.

Дар навбати худ мушовири раисҷумҳури Фаронса доир ба масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лоро аз таҷрибаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти низоми бонкӣ ёдовар шуд ва зикр намуд, ки хоҳони ҳамкориҳо мебошад.

“Барои барқарор ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ ният дорем бо Бонки миллии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонем”, - изҳор доштааст Паскал Лоро.

Инчунин Ясмин Гуэдар, сафири Фаронса дар Тоҷикистон зимни мулоқот афзуд, ки бо вуҷуди ҷой доштани баъзе мушкилиҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон, нақши Бонки миллӣ дар таҳияву амалигардонии як қатор ислоҳоти муҳим муассир аст.

“Умедворем, ки сафари дарпешистодаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса ба рушди ҳамкориҳои низоми бонкии Фаронса ва Тоҷикистон такони нав хоҳад мебахшанд”,- таъкид намуд Ясмин Гуэдар.

Дар рафти мулоқот самтҳои дигари афзалиятнок барои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаронса, ҳамкорӣ дар самти сиёсати пулию карзӣ, идораи захираҳои байналмилалӣ, роҳҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдрас мешавем, ки мушовири раисҷумҳури Фаронса Паскал Лоро бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи он як қатор вохӯриву мулоқот, аз ҷумла бо муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода, роҳбарияти Вазорати иқтисод ва савдо ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар нақша дорад.

Барчаспҳо:
тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамкорӣ, хоҳиш, мулоқот, Фаронса, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ