18:59 26 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ ба ташкилоти “БИМА” ба муҳлати боз 5 соли дигар иҷозатнома дод

© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Ахиран Бонки милллии Тоҷикистон иҷозатномаи ташкилоти суғуртавии “БИМА”-ро ба муҳлати 5 сол тамдид кард

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти суғуртавии “БИМА” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 июни соли равон дар асоси моддаҳои 6 ва 34 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 8 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бобҳои 11 ва 54 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ба “Ташкилоти суғуртавии БИМА” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор намудааст.

Барчаспҳо:
БМТ, раёсат, иҷозатнома, Бонки Миллӣ, бима, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ